(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Қадршиносӣ ва гиромӣ доштани парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами мо дар замони истиқлоли давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯйи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон. Имрӯз, 24 ноябри соли 2025 дар боғи Истиқлоли пойтахт бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ доир гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (зиёда аз 50 нафар) бо парчамҳо ва лавҳаи Кумита иштирок намуданд.