(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Дирӯз, 1 декабри соли 2025 Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло бо Директори кишвари Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид Адҳам Мусаллам вохурӣ анҷом дод. Сараввал, Файзуллозода М.У аз меҳмон ҷиҳати ташрифашон ба Кумита изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид яке аз шарикони асосии Кумита маҳсуб гардида, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас меандешад. Дар вохурӣ, мавзуи идоракунии пайомадҳои хатари иқлимӣ ва таъмини аҳолии кишвар бо озуқа мавриди баррасӣ ва чораҷуйӣ қарор гирифт. Дар навбати худ, муҳтарам Адҳам Мусаллам аз пазироии Раёсати Кумита ва ҳамкориҳои тарафайн бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаи идоракунии хатари иқлимӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.