(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Санаи 15 майи соли 2025 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита ва намояндаи Кумитаи дин, танзими ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа дар мавзуи Ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ва ҷашну маросим» баргузор гардид. Ҷаласаро муовини раиси Кумита Ширинҷонзода Маҳмуд Ширинҷон ифтитоҳ намуда,риштаи суханро ба намояндаи Кумитаи дин, танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслиҳиддин доданд. Хоҷамирзода Муслиҳиддин иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» бо тақозои рушди ҷомеа ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Мақсади Қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат мебошад. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Дар фарҷоми ҷаласа, зимни муҳокима ва пешниҳодот кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» -ро ҷонибдорӣ намуда, дар амалӣ ва ташвиқу тарғиби он саҳмгузории хешро иброз карданд.