(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Санаи 2 июни соли 2025 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони байналмилалии Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот (СУСҲ) дар ҳайати Салабадан Чокревский-роҳбари ҳайат,Аго Партел- коршиноси техникӣ оид ба масъалаҳои байторӣ, Валентина Шарандак-коршинос оид ба баҳогузорӣ аз дафтари марказии СУСҲ, Ҳишем Бузгая ва Камила Бенфил- коршиносони техникӣ оид ба чорабиниҳо вобаста ба тоуни чорвои майда ва Еран Райзман- коршинос мушоҳид аз Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, барои гузаронидани баҳогузории навбатии иқтидори мақомоти байтории кишвар ташриф оварда, чорабинии мазкур муташаккилона амали шуда истодааст. Дар раванди баҳогузорӣ, коршиносон аз дафтарҳои корӣ, шуъбаю бахшҳои Маркази миллӣ ва марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ, раёсатҳои Кумита дар вилоятҳо, Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлёт, Маркази ҷумҳуриявии зиддиэпизоотӣ, нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, корхонаҳои парвариш, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва фуруши маҳсулоти озуқаворӣ дар нуқтаҳои бузурги савдо ва бозорҳои истеъмолӣ, корхонаҳоипарандапарварӣ ва чорводорӣ, дорухонаҳои байторӣ дидан намуда, ба тамоми паҳлуҳои фаолият оид ба коргузорӣ, санадҳои меёри-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, риояи талаботи байторию санитарӣ дар раванди истеҳсолот, баҳисобгирӣ ва ҳуҷҷатҳои роҳбаладӣ таҳлилу баҳогузори карда мешавад.