Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021, №516 “Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаҳои варзиширо аз рӯи намуди футболи хурд шурӯъ аз 1 апрели соли 2026 байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор намуда истодааст.
Вобаста ба ин, бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи мунтахаби Агентӣ дар мусобиқаи футболи даставӣ байни вазорату идораҳо иштироки фаъолона ва натиҷабахш нишон дод.
Дастаи Агентӣ дар марҳилаи гурӯҳӣ аз се бозӣ дар ду вохӯрӣ пирӯз гардида, дар натиҷа ба даври навбатии мусобиқа роҳ ёфт.
Ин натиҷаҳо нишонаи дастгирии пайвастаи роҳбарият, омодагии ҷиддии ҷисмонӣ, ҳамоҳангии баланди даставӣ буда, барои идомаи рақобат дар марҳилаҳои минбаъдаи мусобиқа заминаи мусоид фароҳам меоварад ва бо рӯҳияи баланд даста омодагии худро барои бозиҳои оянда дида истодааст.