Имрӯз, дар дастгоҳи марказии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои системаи он воқеъ дар Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандон Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври дастаҷамъона гӯш карда шуд.
Дар ҷараёни шунидани Паём самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, тақвияти инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва вазифаҳои минбаъдаи мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Кормандони Агентӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ қабул намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои дар он ироашуда омодагии худро изҳор намуданд.