Зимни сафари кории Директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато аз санаи 16 то санаи 18 апрели соли 2026 дар шаҳрҳои Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон бо мақсади ғаннигардонии сарватҳои моддии захираи давлатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва нигаҳдории мутавозини нарх дар бозори дохилӣ масъалаҳои марбут ба воридоти гандуми истеъмолӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди гуфтушиндҳо бо роҳбарияти ҶС ШМ "Продкорпаратсия"-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҶС "Узтрейд"-и Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, миёни тарафҳо шартномаҳои дахлдор ба имзо расонида шуданд.