6 марти соли 2026 дар Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон – 8 март баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Агентӣ, кормандони воҳидҳои сохторӣ ва инчунин кормандон аз ҳисоби занон дар сохтори Агентӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарияти Агентӣ занонро бо Рӯзи байналмилалии занон табрик намуда, ба онҳо барои меҳнати софдилона, касбият ва масъулиятшиносии баланд ва саҳми арзандаи дар фаъолияти муассиса изҳори миннатдорӣ карданд.
Роҳбарият ба ҳамаи занон хушбахтӣ, сулҳу амонӣ, хурсандӣ ва муваффақиятҳои минбаъда дар фаъолияти касбӣ орзуманд шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба занон гул ва туҳфаҳои ёдгории хотиравӣ тақдим карда шуд.