16 Сентябри соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати кормандони он вохӯрии самаранок дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" ва талаботи "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои стратегияи зикршуда маъруза ироа гардид.
Дар интиҳо дар доираи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, бахусус кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои қонеъкунанда дода шуд.