Бо назардошти суръати баланди рушди технологияҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир ва зарурати мутобиқшавӣ ба талаботи рӯз, Агентӣ қадамҳои устувор ба самти рақамисозии фаъолияти худ гузоштааст. Дар доираи ин ташаббус, анборҳо, марказҳои логистикӣ, райёсатҳову шуъбаҳо ва дигар зерсохторҳои дохилӣ Агентӣ тадриҷан ба низоми рақамӣ ва идоракунии электронӣ гузашта истодаанд.
Ин иқдом дар асоси ҳамкории дарозмуддати Агентӣ бо дастгирии Корпоратсияи Байналмилалии Исломӣ, ки шарики рушди Агентӣ аст, амалӣ шуда истодааст. Корпоратсияи Байналмилалии Исломӣ ҳамчун як шарики боэътимод ва стратегӣ дар тӯли солҳои зиёд дар рушди инфрасохтори техникӣ, ҷорӣ намудани таҷҳизоти замонавӣ ва татбиқи низомҳои иттилоотӣ дар Агентӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Корпоратсияи Байналмилалии Исломӣ, ки яке аз муассисаҳои муҳими гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (ITFC) ба шумор меравад, ҳамеша дар равандҳои рушди устувор ва воридсозии таҷҳизоти муосир ба фаъолияти Агентӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳамкориҳои судманди солҳои охир имконият доданд, ки зерсохторҳои техникӣ таҳким ёбанд ва платформаҳои иттилоотии муосир ҷорӣ гарданд.
Рақамисозии равандҳо яке аз бахшҳои асосии стратегияи нави рушди Агентӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Исломӣ мебошад. Ин раванд на танҳо самаранокии идоракуниро боло мебарад, балки шаффофиятро тақвият бахшида, сатҳи хидматрасонӣ ба шарикон ва мизоҷонро беҳтар мекунад. Инчунин, гузариш ба низоми рақамӣ ба тавсеаи ҳамкории байни шӯъбаҳо ва муассисаҳои ҳамкор мусоидат хоҳад кард.
Агентӣ ва Корпоратсияи Байналмилалии Исломӣ тасмим доранд дар оянда низ ҳамкории худро идома дода, лоиҳаҳои навро дар самти рақамисозии давлатӣ ва таҳкими инфрасохтори техникӣ ба роҳ монанд.