Тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳои иборат аз хўрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ аз ҷониби Агентии ҳазираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кутоҳтарин муҳлат омода гардида ба минтақаҳои болозикр дастрас гардиданд.