15 ноябри 2026Тоҷикистон шарикии байналмилалиро тақвият медиҳад, то ҳадафҳои рушди устувор амалӣ карда шавад
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар доираи COP31 дар шаҳри Анталияи Туркия дар чорабинии «Роҳҳои ҳалли устуворӣ», ки аз ҷониби Павилиони миллии Италия ташкил гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчунин, ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти кабудизоркунӣ, шинонидани 2 миллиард дарахт то соли 2040, рушди энергияи барқароршаванда, ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ ва идоракунии устувори захираҳои обу замин муаррифӣ шуданд.
Баҳодур Шерализода барқарорсозии экосистемаҳои кӯҳӣ ва ҷалби маблағгузории байналмилалиро аз самтҳои муҳими ҳамкории минбаъда арзёбӣ намуд.