Рӯзи 1 октябри соли 2026 дар қасри фарҳанги ноҳия маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Хотирасон кардан ба маврид аст, ки ҳамасола дар қатори дигар ҷавонони шуҷои ватан, ҷавонони…
Рӯзи 1 октябри соли 2026 дар қасри фарҳанги ноҳия маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Хотирасон кардан ба маврид аст, ки ҳамасола дар қатори дигар ҷавонони шуҷои ватан, ҷавонони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ бо сарбаландӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат мебанданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин зимни ироаи сухани табрикии худ ба ҷавонони далеру матинирода ва шуҷоатманди ноҳия, ки аввалин шуда барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гаштаанд, аҳсану офарин хонданд.
Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Артиши миллӣ зина ба зина комил ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифозат, нигаҳдории кишвар ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд. Сол аз сол шароити хизмат барои сарбозон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардида, инфрасохтори наву замонавӣ бо тамоми шароитҳои лозима сохта гардида истодаанд.
Зимни баромади худ раиси ноҳия зикр кард, ки яке аз рукунҳои асосии давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва омили пешрафту шукуфоӣ, созандагию бунёдкорӣ ин мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Дар идомаи тантанаҳои Рӯзи даъватшаванда як қатор даъватшавандаҳо андешарони доштанд.
Дар ҳаиин рӯз ба 30 нафар даъватшавандагон, ки ба курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ ҷалб гардида буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ дода шуд.
Дар қисмати дигари чорабини ба хотири болидаруҳии наваскарон бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда” аҳли фарҳанги ноҳия барномаи зебои фарҳангиро пешниҳоди аҳли ҳамоиш намуданд.