Имрӯз, 5-уми сентябри соли 2026 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар маркази ноҳия ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаи сокинону фаъолони…
Имрӯз, 5-уми сентябри соли 2026 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар маркази ноҳия ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаи сокинону фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар роҳпаймоӣ раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳкукуи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сокинону фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Иштирокчиён бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳои тараннумгари Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз масири муайяншуда гузаштанд. Ҳузури фаъолонаи ҷавонону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба роҳпаймоӣ ҳусни хос бахшида, муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдориро бозгӯ мекард.
Роҳпаймоии осоишта дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, баёнгари руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдории сокинони шаҳрак аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буд.