Рӯзи 7-уми сентябри соли 2026 дар шоҳроҳи асосии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паради ҳарбӣ баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин, роҳбарият, кормандони…
Рӯзи 7-уми сентябри соли 2026 дар шоҳроҳи асосии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин, роҳбарият, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳотӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, корхонаю коргоҳҳо, ва сокинони ноҳия бо фарогирии зиёда аз як ҳазору дусад нафар баргузор карда шуд.
Паради ҳарбӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони сохторҳои низомӣ ва дигар воҳидҳои низомии ноҳия аз назди минбари ифтихорӣ бо қадамҳои низомӣ гузаштанд.
Пеш аз оғози парад раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, қайд намуданд, ки Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон бузургтарин дастоварди таърихӣ ва заминаи асосии пешрафту рушди давлат ба ҳисоб меравад.
Таъкид карда шуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид гардида, дар кишвар корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза пайдо карданд.
Раиси ноҳия аз ҷумла зикр кард, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бояд дар пешрафти ҷомеа, ободии диёр ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.