3-юми сентябр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ва намояндаи Ҳукумати…
3-юми сентябр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия директори генералии ҶСК "Ширкати алюминии тоҷик" Шарифзода Шӯҳрат Ҷуоабой, инчунин намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ, фаъолони ҷомеа, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Нахуст раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии ҶСК "Ширкати алюминии тлҷик" Шарифзода Шуҳрат Ҷурабой ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони чорабиниро самимона табрик намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон арзиши бузурги таърихӣ дошта, маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ, созандагӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаҳои мусоид фароҳам омадааст. Дар ин давра Тоҷикистон роҳи рушди мустақилонаи худро тай намуда, дар саросари кишвар корҳои созандагиву ободонӣ вусъат пайдо карданд.
Зикр гардид, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар фурсати муносибест, то дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ қадрдонӣ шуда, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободии Ватани азиз саҳми бештар гузошта шавад.
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ дар ин давра дар самти рушди истеҳсолот, бунёди иншооти иҷтимоӣ, ободонии маҳал ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ корҳои назаррас анҷом додааст.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз як қатор кормандони касбу кори гуногун ва собиқадорон бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.