Санаи 24 августи соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маҷлиси васеъи машварати августии кормандони маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор гардид, ки дар кори он раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин, муовини…
Санаи 24 августи соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маҷлиси васеъи машварати августии кормандони маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор гардид, ки дар кори он раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин, муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Қодирова Фарзона, собиқадорони соҳа, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ширкат варзиданд.
Қабл аз оғози машварат дар назди бинои муассисаи таълимӣ намоиши дастовардҳои аҳли маориф дар тули як соли таҳсил ба даст омада ба роҳ монда шуд. Дар он хонандагону омӯзгорон дастовард, маҳсули ҳунару эҷод, ихтироъву кашфиёт ва ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузошта, меҳмонон аз наздик бо пешрафтҳои соҳаи маорифи ноҳия ошно гардиданд.
Дар оғози чорабинӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳия Давлатзода Баҳодур суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳо ва мушкилоти соҳаи маориф дар соли таҳсили 2025–2026 ҳисобот дод. Зимни баромад зикр гардид, ки бо талошҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон ва падару модарон, соҳаи маорифи ноҳия ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Сипас раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин дар баромади худ вазъи соҳаи маорифи ноҳияро таҳлили амиқ намуда, нисбат ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби он ибрози назар намудаанд. Ҳамзамон бо мақсади бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини мақомоти иҷроияи давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф дастуру супоришҳои амиқ дода шуд.
Зимни баромад таъкид намуданд, ки рушди соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат мавқеи меҳварӣ дорад. Зикр гардид, ки дар даврони истиқлолият зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳия садҳо иншоотҳои соҳаи маориф сохта ба истифода дода шудаас ва хонандагон дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Такмилу дигаргунсозӣ ва навоварӣ дар кори соҳаи маорифу мактаб ва ба ин васила ҷорӣ намудани усулҳои боз ҳам дастрасу натиҷабахши таълиму тарбия аз ҳамаи мо масъулияти бештар ва заҳмату меҳнати софдилонаву эҷодкоронаро талаб менамояд.
Дар баробари ин ғамхориву дастгириҳои давлат нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи кишвар низ ба тақдири насли ояндасоз торафт бештар гардида, мардум ҷиҳати ба камол расонидани ворисони воқеии Ватану миллат ба таълиму тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ дода истодаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб даъват ба амал оварда шуд, ки кулли кормандони соҳа дар фаъолияти хеш аз усулҳои замонавии таълим самаранок истифода бурда, таҷрибаи ибратбахши омӯзгорони ватанию хориҷиро баҳри беҳдошти раванди таълиму тарбияи хонандагон ба манфиати кор истифода баранд, онҳоро барои омӯзиши мустақилона раҳнамун созанд.
Дар анҷоми машварат ба як қатор омӯзгорону фаъоли соҳаи маорифи ноҳия ва собиқадорони соҳа нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, “Сипоснома”-ҳо ва туҳфаҳои мақомоти иҷроия ва иттифоқи касаба тақдим гардид.
Машварати августии омӯзгорони ноҳия бори дигар собит намуд, ки бо дастгирии давлат, талоши омӯзгорон ва ҳамкории ҷомеа, соҳаи маориф рӯ ба рушд дошта, барои насли ҷавон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.