Рӯзи 24 августи соли 2026 таҳти раёсати раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷаласаи корӣ доир гардид. Ҳамчунин дар кори ҷаласа…
Рӯзи 24 августи соли 2026 таҳти раёсати раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷаласаи корӣ доир гардид.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, бунгоҳву марказҳои саломатӣ, раисони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ходимони дин иштирок доштанд.
Раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин зимни баромад иброз доштанд, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуда, саҳми аҳли ҷамоатчигӣ ва соҳибкорони ватанӣ шоҳистаи таҳсину офарин аст. Зеро дар муддати панҷ соли охир дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 216 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда буд, ки иҷроиши он ба ҳолати имрӯза 101 фоизро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, имрузҳо низ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни бузурги миллӣ дар ҳудуди ноҳия корҳои сохтмонӣ, таъмиру азнавсозии иншооти иҷтимоӣ, ободонии кӯчаву хиёбонҳо, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва беҳтар намудани симои маҳалҳо бо маром идома дорад.
Мавсуф ҷиҳати истиқболи ин санаи муборак аз ҷумла ташкилу ба роҳ мондани роҳпаймоии осоишта, паради низомӣ, ташкили барномаҳои фарҳангӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид карда шуд, ки Истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддас ва дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзу таҳкими он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Сипас роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар баромади худ дар баробари масъалаҳлои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир ба масъалаи Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ибрози назар намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар баробари корҳои созандагӣ, дар ноҳия ба масъалаи пешгирии терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои мубрам диққати аввалиндараҷа дода шуда, баҳри решакан намудани ин падидаи номатлуб аз ҳар як фарди худогоҳ масъулияти бештарро талаб намуда, ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар пешгирии падидаҳои номатлуб ва ҳифзи фазои орому осоиштаи кишвар саҳми фаъол дошта бошад.