Рӯзи 24 июли соли 2026 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин семинари илмию амалии вилоятӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ-омили баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ” баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар, инчунин олимону коршиносони соҳа аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва занбуриасапарварони вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Нахус дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия семинар ба кори худ оғоз бахшид, ки муовини якуми раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зимни сухани пазироӣ аҳли нишастро ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хуш омадед намуда, аз фаъолияти рӯзмараи соҳа, бахусус рушди соҳаи занбуриасалпараварӣ дар ноҳия маълумот манзур намуд.
Сипас муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар бо сухани ифтитоҳӣ ба кори семинар оғоз бахшида, олимону коршиносон аз ҳисоби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доир ба рушди соҳа ва пешгии мушкилотҳои он маърӯза намуданд.
Баъди баромади баромадкунандагон ва муҳокимаи масъалаҳо меҳмонон аз рафти фаъолияти хоҷагии занбуриасалпарварии ноҳия аз наздик ошно гардида, баҳри пешрафти соҳа маслиҳатҳои муфид доданд.