Мо имрўз дар остонаи таҷлили яке аз бузургтарнин ва муқаддастарин ҷашнҳои таърихи нави миллати бостониамон 35- умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳанги миллӣ, даврони рушди нерўи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард. Бебаҳотарин ва пурарзиштарин комёбиҳои ҷомеаи Тоҷикистон низ дар тўли 35 соли Истиқлолият ҳифзи якпорчагии кишвар, гузоштани бунёди давлату давлатдорӣ, эҳёи ваҳдати миллӣ, бо чеҳраи зебои ба худ хос муариффӣ гардидани мамлакати мо барои тамоми ҷомеаи башарӣ ва гузоштани қадамҳои устувор дар ба даст овардани даствардҳои муайяни иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар тўли беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард. Бо ҳукми тақдир имрўз ба мо муяссар гардидааст, ки орзуву ормони деринаи миллати тоҷик амалӣ гардида, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардидем.
Вазифаи аввалиндараҷаи мо чавонон истиқлолияти давлатиамонро мустаҳкам карда, насли наврасро дар рўҳияи ваҳдату ягонагӣ, ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқад ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем.
Истиқлолият барои мардуми тоҷик, рамзи озодӣ, худшиносӣ, ва бунёди давлатдории муосир мебошад.
Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истиқолияти давлатӣ қайд намуд, ки «Истиқлолият бузаргтарин дастоварди таърихи навини миллати тоҷикон мебошад, ки сарнавишти давлату миллати моро имрўз ва оянда муайян сохт»
Аз ин рў мо ҷавонон вазифадорем, ки ин неъмати бузург, ки имрўз дорем чун гавҳарки чашм эҳтиёт кунем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фарзандони баору номуси ватандўст тарбия кунем, дар ободии диёр саҳмгузор бошем, дар таҳлилу сиёсати давлату ҳукумат ҳиссагузор ва фаъол бошем, намуна барои дигарон бошем.
Сармутахассиси бахши рушди иҷтимои ва робита бо чомеаи дастгох раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Нусратмоҳи Ҳ