Имрӯз, 21 июли соли 2026 , дар толори маҷлисгоҳи Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти кории шуъбаи маориф дар соли…
Имрӯз, 21 июли соли 2026, дар толори маҷлисгоҳи Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти кории шуъбаи маориф дар соли таҳсили 2025–2026 ва вазифагузорӣ барои соли нави таҳсили 2026–2027 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло, мудири шуъбаи маориф Давлатзода Баҳодур, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раҳмониён Фаридун, директорони муассисаҳои таълимӣ, муовинони директор оид ба таълим, диреторони МДРИ, МТИК, МТИ, китобдорон, мутахассисон ва кормандони шуъбаи маориф иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти кории шуъбаи маориф дар соли таҳсили 2025-2026 маъруза намуда, аз дастовардҳои соҳа, раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои амалишуда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди инфрасохтори соҳа ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ёдовар гардид. Таъкид карда шуд, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ монда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои пайгирона амалӣ гардида истодаанд.