Дар ҷаҳони муосир, ки бо хатарҳои гуногуни геополитикӣ, низоъҳои минтақавӣ ва тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ аст, нақши кишварҳои ташаббускор дар ҳалли мушкилоти умумибашарӣ ба маротиб меафзояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо таҷрибаи нодири сулҳсозиро дар дохили кишвар татбиқ намуд, балки онро ҳамчун паёми сулҳ ба ҷаҳониён пешниҳод кард.
Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати "дарҳои кушода"-ро пеш гирифта, эъмори сулҳ ва ҳамкориҳои байналмилалиро ҳадафи асосии худ қарор дод. Таҷрибаи беназири сулҳи тоҷикон, ки дар таърихи муосир ҳамчун модели муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ шинохта шудааст, имрӯз барои бисёр кишварҳо намунаи ибрат аст.
Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036) бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ матраҳ гардид ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Ин иқдом паёми навбатии Тоҷикистон ба ҷаҳон аст, ки зарурати талошҳои муттаҳидро барои ҳифзи ояндаи инсоният таъкид мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои бунёдии сиёсиву иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Эълони даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036) як қадами ҷасурона ва дурандешонаи Пешвои миллат дар роҳи таъмини амнияти сайёра аст. Ин даҳсола мақсад дорад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи ҳифзи сулҳ барои наслҳои оянда ҷалб намояд. Дар шароите, ки ихтилофоти ҷаҳонӣ ва ноамниҳо меафзоянд, Тоҷикистон даъват ба амал меорад, ки мушкилоти имрӯза набояд ба ояндаи фарзандони мо бор шаванд.
Ташаббус ба таҳкими фарҳанги сулҳ, эҳтироми мутақобилаи давлатҳо ва истифодаи дипломатияи пешгирикунанда барои пешгирии муноқишаҳо нигаронида шудааст. Ин як даъват ба он аст, ки сулҳ на танҳо набудани ҷанг, балки фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушди устувори наслҳои оянда аст.
Бо ташаббуси мазкур Тоҷикистон тасдиқ кард, ки масъулияти ҳифзи сулҳ танҳо вазифаи қудратҳои бузург нест, балки ҳар як кишвари сулҳпарвар метавонад дар ташаккули ояндаи амни инсоният нақши созгор дошта бошад.
Аз ин рӯ, Тоҷикистон бо дарки амиқи масъулият дар назди ояндагон, ташаббуси глобалии даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)-ро пеш гирифт. Ин иқдом далели равшани он аст, ки барои Тоҷикистон сулҳ танҳо арзиши имрӯза набуда, балки мероси муқаддасест, ки бояд ба наслҳои баъдӣ бегазанд расонида шавад.
Умуман ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон танҳо пешниҳодҳои дипломатӣ нестанд, балки паёми возеҳи як кишвари сулҳхоҳ ба ҷаҳони муосир мебошанд. Ин ташаббусҳо исбот мекунанд, ки ҳатто кишварҳои хурд метавонанд бо тафаккури бунёдкорона ва иродаи сиёсӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ нақши калидӣ бозанд. Имрӯз, вақте ки ҷаҳон ба талошҳои муттаҳид ниёз дорад, ташаббусҳои Тоҷикистон ҳамчун қутбнамое ба сӯи ояндаи амну осоишта ва сулҳи пойдор хизмат мекунанд.