Зери чунин унвон санаи 26 июни соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба…
Зери чунин унвон санаи 26 июни соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади гиромидошти арзишҳои муқаддаси миллӣ, таҳлилу баррасии нақши таърихии сулҳу ваҳдат дар таҳкими давлатдории миллӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ роҳандозӣ гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Назарзода Толибҷон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин роҳбарону кормандони ташкиллту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, ҷавонону фаъолон ва зиёиён иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҳамоиш баромадкунандагон вобаста ба аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, нақши созанда ва роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини рушди устувори кишвар андешаронӣ намуданд.
Дар маърӯзаҳо таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик ҳамчун омили муҳими ҳифзи истиқлолият, пойдории давлат ва пешрафти ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба таҷрибаи сулҳпарварии Тоҷикистон, мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар самти таҳкими сулҳу амният ва рушди ҳамкориҳои дӯстона, инчунин аҳамияти санадҳои муҳими минтақавӣ дар таҳкими фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид карда шуд, ки ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои истиқлолият ва саҳмгузорӣ дар ободиву рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар охири кори ҳамоиш як қатор кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.