Рӯзи 4 июни соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти раёсати раиси Шӯро, прокурори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, мушовири адлияи дараҷаи 1 Холиқзода Абдулфайз бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин, инчунин аъзои Шуро ва дар иртибот ба масъалаҳои муҳокимашаванда роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи Шӯро оид ба иҷрои нақшаи кории Шӯро, ҳолати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эъон намудани соли 2026” ва дар ин замина рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35- солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳия Файзимадзода Комрон ва раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Шамсимадзода Фахриддин шунида шуд.
Қайд карда шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмону азнавсозии 216 адад иншоотҳои таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда буд, ки ба ҳолати имрӯза 178 адади он мавриди истифода қарор дода шуда, дар 38 иншоот корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.
Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ва раиси Шӯро, прокурори ноҳия Абдухолиқзода Абдулфайз аз вазъи имрӯзаи соҳа, бахусус сохтмону азнавсозии бинову иншоотҳои дар нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дарҷ гардида изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати босифат ва саривақт иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ин баробар, таъкид карда шуд, ки маҳз бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу вваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инфрасохтори ноҳия бо тадриҷ рушд намуда, даҳо иншоотҳои маъмурӣ ва роҳу пулҳо таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд.
Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади дар сатҳи омодагӣ таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ гурӯҳҳои корӣ дар ҳамаи ҷамотҳои деҳоти ноҳия таъсис дода шуда, сокинонро ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷалб намоянд.
Дар иртибот ба масъалаҳои муҳокимашаванда Шӯро қарорҳои дахлдор қабул намуд.