Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар кӯдакистони №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо, мудири шуъбаи маориф Давлатзода Баҳодур ва дигар меҳмонон иштирок…
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар кӯдакистони №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо, мудири шуъбаи маориф Давлатзода Баҳодур ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Ҷумъазода Шифо қайд намуданд, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо ид аст, балки айёмест, ки насли калонсолро ҳушдор медиҳад, то фаромӯш насозанд, ки масъулияти солимӣ, рушду инкишофи ҳаматарафа, тарбияи маънавию зеҳнии кӯдакон, шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо чӣ дар оила ва чӣ дар мактаб, рушду такомули эҷодӣ ва омода намудани онҳо ба зиндагии оянда бар дӯши мост.
Дар ин рӯз инчунин ба 40 нафар тарбиятгирандагони ин муассиса аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба ҳозирин таассуроти нек бахшид. Иштирокчиён аз барномаи фарҳангии омоданамудаи кӯдакон изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин чорабиниҳоро барои тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ карданд.