Бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ба қисми низомии марзбонони мустақар дар ҳудуди ноҳия ташриф оварда, ҳайати шахсиро бо ин…
Бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ба қисми низомии марзбонони мустақар дар ҳудуди ноҳия ташриф оварда, ҳайати шахсиро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуд.
Дар ҷараёни боздид раиси ноҳия бо шароити хизмат, будубош ва таъминоти моддию маишии афсарону сарбозон аз наздик шинос шуда, бо хизматчиёни ҳарбӣ суҳбати самимӣ анҷом дод. Зикр гардид, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва беҳтар намудани шароити хизмати ҳарбиён таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин зимни суханронии худ таъкид кард, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор рафта, ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддасу пуршараф маҳсуб мешавад. Қайд карда шуд, ки сарҳадбонони тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо садоқат ба савганди ҳарбӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ҳифзи оромию суботи мамлакат нақши назаррас гузоштаанд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамчун ноҳияи наздисарҳадӣ дорои аҳамияти муҳими стратегӣ буда, фаъолияти содиқонаву ҳушёронаи марзбонон барои таъмини амният ва зиндагии осоиштаи мардум нақши калидӣ дорад.
Дар фазои тантанавӣ як қатор афсарону сарбозони фаъол барои хизмати намунавӣ, интизоми ҳарбӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи марзи давлатӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.