Рӯзи 22 майи соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Нахуст аз назди…
Рӯзи 22 майи соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Нахуст аз назди комиссариати ҳарбӣ бо иштироки васеи ҷавонон роҳпаймоҳии осоишта доир гардида, то макони баргузории чорабинӣ, қасри фарҳанги ноҳия идома ёфт. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, гирандагони стипендияи Президентӣ, гирандагони стипендияи раиси вилояти Хатлон ва ноҳия, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва варзишгарону ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.
Зимни баромад муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон Гадоӣ иштирокдорон ва тамоми ҷавонони ноҳияро ба Рӯзи идашон шодбош намуданд.
Зикр гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароитҳои заруриро фароҳам овардааст.
Бо ин мақсад ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳувияти милии ҷавонон ва дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо чандин барномаву стратегияҳо қабул карда шудаанд, ки мақсад аз таҳияи онҳо фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда ба имконият ва ташакулёбии механизмҳои амалӣ ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонони кишвар мебошад.
Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо метавон онро яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа номид.
Имрӯзҳо нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ бараъло дида шуда, дар тамоми равандҳои бунёдкориву созандагӣ пешсаф мебошанд.
Сипас як қатор ҷавонони фаъоли ноҳия, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳмгузоранд, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қадрдонӣ карда шуданд.
Барномаи фарҳангии аҳли фарҳанги ноҳия ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.