Рӯзи 18 майи соли 2026 дар муассисаи таълимии №8-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026 таҳти рақами АП-951, қарори Раиси вилояти Хатлон аз 19 январи соли 2026 таҳти рақами 14 ва қарори…
Рӯзи 18 майи соли 2026 дар муассисаи таълимии №8-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026 таҳти рақами АП-951, қарори Раиси вилояти Хатлон аз 19 январи соли 2026 таҳти рақами 14 ва қарори Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 26 январи соли 2026 №41 маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт.
Дар рафти кушодашавии даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" мовини Раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Раҳимов Хайрулло, муовини директори МТИ вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Мадиев Наимҷон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Давлатзода Баҳодур, ҳайати комиссияи ноҳиявии озмун иштирок намуданд.
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии аҳолии кишвар баргузор мегардад.
Баҳри ҷараёни шафофи рафти озмун, ҳайати ҳакамон аз кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорони пуртаҷриба ва мутахассисони соҳаи маориф интихоб гардида ба донишу малака ва маоҳоратӣ хонандагон аз рӯи маводҳои аз бар намудаи онҳо баҳо хоҳанд дод.
Масъулин ва ҳайати ҳакамонро зарур аст, ки ба таври шаффоф гузаронидани озмун ҷиддӣ бошанд ва ба ягон нуқсону камбудиҳо роҳ надиҳанд, - таъкид намуданд меҳмонон зимни суханронӣ.
Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин тибқи нақша давоми ду рӯз идома меёбад.