Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 "Дар бораи Рӯзи дави миллӣ" ва бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода…
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 "Дар бораи Рӯзи дави миллӣ" ва бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон, муовинон, инчунин роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва сокинони ноҳия дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир гардид. Муовини якуми раиси ноҳия дар суханронии худ тамоми иштирокчиёни чорабиниро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош намуда қайд намуданд, ки чорабинии мазкур ҳамасола дар сартосари кишвари азизамон гузаронида шуда, дар он хурду калон бо як майли зиёд иштирок менамоянд.Гуфта шуд, ки ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста нисбат ба рушди соҳаи варзиш зоҳир менамоянд ва дар фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон саҳми беандоза мегузоранд, изҳори миннатдорӣ карданд.Ҳамзамон бо назардошти оммавият, рушди намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат ва ҷалби бештари аҳолӣ ба он марафони велосипедронӣ дар назар дошта шудааст. Таъкид мешавад, ки мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, барои солимӣ ва оммавияти варзиш баргузор карда мешавад Варзиш худ гарави саломати буда, бояд ҳар як нафар барои беҳтар намудани саломатии худ бо намудҳои гуногуни варзишӣ машғул шаванд таъкид намуданд муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон.
Дар рафти чорабинӣ ба ғолибони ДАВИ МИЛЛӢ дар масофаҳои гуногун туҳфаҳои арзишманди хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар вазъяити идона супорида шуданд.