Дар доираи таҷлил аз рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии футбол дар деҳаи Қавоқи Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси ноҳияи…
Дар доираи таҷлил аз рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии футбол дар деҳаи Қавоқи Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ва дигар ҳайати меҳмонон майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, майдончаи варзишӣ бо саҳми оилаи Икромовҳо бунёд гардида, барои рушди варзиш миёни наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад.
Зикр гардид, ки дар майдончаи навбунёд ҷавонони деҳаи Қавоқ ва дигар деҳаҳои атрофи ҷамоати деҳоти Саричашма метавонанд ба бозии футбол машғул гардида, маҳорати варзишии худро такмил диҳанд. Бунёди чунин иншооти варзишӣ қадами муҳим дар самти ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии омилҳои номатлуб арзёбӣ мешавад.
Баромадкунандагон зимни суҳбати самимӣ бо сокинон ва наврасон иқдоми онҳоро намунаи ибрат номида, таъкид карданд, ки имрӯз ҳар як сокини шарафманди ноҳия дар ободонӣ ва рушди диёр саҳми арзандаи худро мегузорад. Гуфта шуд, ки дастгирии ташаббусҳои созанда ва саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ дарак медиҳад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки ҳамаи сокинони шарафманди ноҳия бояд сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, насли наврасро дар рӯҳияи илмомӯзӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоянд.
Сокинон низ чунин иқдоми наҷибонаи оилаи Икромовҳоро шоистаи таҳсину офарин хонда, таъкид доштанд, ҳамеша ҳамқадами сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд