Рӯзи 15 майи соли 2026 дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар толори шуъбаи маорифи ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини…
Рӯзи 15 майи соли 2026 дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар толори шуъбаи маорифи ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Қодииова Майрамбӣ, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Файзуллозода Мавлуда, инчунин собиқадорони меҳнат, оилаҳои намунавӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо ҳозиринро ба муносибати Рӯзи оила табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки оила ҳамчун пояи асосии ҷомеа дар фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мавқеи арзишманд дошта, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ ва тарбияи насли наврас аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳо суннату ойинҳои неки оиладорӣ, эҳтироми волидайн, тарбияи фарзанд ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонпарваронаро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда мерос гузоштааст.
Зикр карда шуд, ки нақши занону модарон дар пойдории оила ва тарбияи фарзандони солиму соҳибмаърифат хеле муҳим мебошад.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳкими оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оиларо ҳамчун ниҳоди муқаддаси ҷомеа арзёбӣ намудаанд.
Қисмати дигари чорабинӣ бо маросими супоридани шаҳодатномаҳои таваллуд ба 10 нафар тифлони навзод оғоз ёфт.
Дар ин рӯз аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба 10 нафар тифлони навзод шаҳодатномаи таваллуд супорида шуд, ки муовини раиси ноҳияи Ҷумъазода Шифо ва мудири бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳия Файзуллозода Мавлуда шаҳодатномаҳоро дар фазои тантанавӣ ба соҳибонашон тақдим намуда, ба онҳо зиндагии хушу саодатмандона орзу намуданд.
Ҳамчунин дар ҳамин замина аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба чанд оилаҳои намунавӣ аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои саҳми арзандаашон дар рушди ҷомеа ва тарбияи фарзандони шоиста туҳфаҳои хотиравии супорида шуданд.
Барномаи фарҳангии аҳли ҳунару санъати ноҳия ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.