Санаи 5 майи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин зимни сухани…
Санаи 5 майи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин зимни сухани табрикотӣ кормандони мақомоти андозро ба муносибати иди касбиашон самимона шодбош гуфта, ба фаъолияти пурмасъулияти онҳо баҳои баланд дод.
Таъкид гардид, ки маҳз бо саъю талоши пайвастаи кормандони мақомоти андоз дар ноҳия раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, омодагиҳо ҷиҳати истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷараён доранд.
Раиси ноҳия ҳамзамон изҳори итминон намуд, ки кормандони мақомоти андоз минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба Ватан вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро намуда, дар татбиқи сиёсати иқтисодии давлат, таъмини иҷрои сифатноки нақшаҳои андоз ва ғанӣ гардонидани буҷет саҳми назаррас мегузоранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти мақомоти андоз бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуд.