Санаи 15- уми апрели соли 2026 дар толори васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон ва намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, сардори раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб Розиқзода Алихони Абдулҳаким ҷаласаи васеъ доир гардид.
Дар ҷаласа, ҳамчунин роҳбарият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.
Муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис ошно намуд.
Сипас, дар ҷаласаи мазкур пешниҳоди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб «Дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни баррасии пешниҳоди мазкур сардори раёсати Агентӣ назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро ба масъулин манзур намуда, иброз намуданд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, қонунвайронкуниҳо ва бо риояи талаботи қонунҳои амалкунанда мутобиқ гардонидани қонуншиканиҳо чораҳои саривақтӣ андешиданро таъкид намуданд.
Омӯзиши сабабу шароитҳои риоя нагардидани талаботи меъёрҳои қонуни мазкур оид ба идома ёфтани фаъолияти маҳкумшудагон новобаста аз содир намудани ҷиноятҳои қасдона, собит сохт, ки пеш аз ҳама қонуншикании болозикр дар натиҷаи дуруст роҳандозӣ нагардидани интизоми хизматӣ, ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо, фориғболию беэътиноии роҳбарияти ниҳодҳои давлатӣ ва хадамоти кадрӣ ё пуштибони онҳо, инчунин, дар сатҳи лозима бархўрдор набудани масъулин аз муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқию барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва дуруст ташкил карда нашудани назорати хизматию чораҳои пешгирикунандаи коррупсия маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон вобаста ба қонунвайронкунҳои ҷойдошта дар самти истифодаи замин, ки дар пешниҳоди мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд, масъулинро барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дар муҳлати муайянгардида вазифадор намуданд.