Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу
Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ
Саид ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва устувор
гардонидани заминаи он дар ноҳия дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Шӯрои машваратии назди Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ баргузор шуд.
Ҷаласаи якуми Шӯро таҳти роҳбарии ранси ноҳия - Раиси Шӯрои машваратӣ, Гулзода Зафар Шамсуддин ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Давлатов Маҳмадӣ, бо иштироки аъзои Шӯро, инчунин роҳбарони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, фаъолон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар соҳибкорони инфиродии ноҳия баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа ҳисобот оиди масъалаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблии Шӯро ва натиҷаҳои он, имтиёзҳо, дастгирии рушди соҳибкорӣ ва фароҳам оварданифазои сармоягузорӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, маблағҳои бонкӣ вобаста ба имтиёзҳои пешбинигардидани қарзӣ барои рушди бахши хусусӣ ва фароҳам сохтани фазои солими рушди соҳибкорӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷиҳати рушди соҳаи аграрӣ дар манотиқи кӯҳистон, тавассути ҷалби маблағгузории ташкилотҳои хориҷӣ ва ворид намудани техникаву технологияҳои соҳаи кишоварзӣ садо дод.
Ҳамчунин дар иртибот ба масъалаҳои муҳокимашаванда ва оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблии Шӯро ва натиҷаҳои ба даст омада котиби Шӯро, Садриддин Негматов, сардори нозироти анндози ноҳия Сафарализода Х, Сардори филиали №65 “Амонатбонк” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Маҳмадзода Суҳайлӣ, мудири шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи роияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Элтаназаров Ҷ баромад намуданд
Дар давом раиси ноҳия-раиси Шӯро Гулзода Зафар Шамсуддин масъалаҳои болозикрро мариди таҳлил қарор дода, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла рушди соҳаи соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, дастгирии соҳибкорӣ бо имтиёзҳои сабук дар дастрасии қарзҳои имтиёзнок ва дигар масъалаҳои муҳим ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.