Имрӯз 2 апрели соли 2026 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохия ва сохторҳои дахлдор дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маҳорати кадбонугии занону бонувон ва тарғиби фарҳанги дастархонороии тоҷикона роҳандозӣ шуд
Зимни баромад масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳия таъкид доштанд, ки баргузории озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ, тарғиби фарҳанги дастархонороӣ ва густариши ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.
Дар рафти озмун иштирокчиён маҳорати худро дар омода намудани таомҳои миллӣ, ороиши дастархони идона ва муаррифии фарҳанги тоҷикона нишон доданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.