Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рӯзи 2 апрели соли 2026 зери унвони "Тоҷикона мепушем" бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбия намудани ҷавондухтарон, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии бонувон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона дар нохия ҷиҳати муарраифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ аксияи тарғиботиъӣ роҳандозӣ гардид.
Дар ин рӯз, ҷавондухтарон бо либосҳои миллӣ ба сайру гашт баромада, барои шаҳрвандони ноҳия либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти давлат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст