Рӯзи 1 апрели соли 2026 бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026, №1143 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», дар саҳни қисми ҳарбии 0342-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии «Рӯзи даъватшаванда» ва маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар фазои тантанавӣ, зери садои Суруди миллӣ ва бо баргузории барномаи фарҳангӣ, ҷавонони ноҳия ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.
Ба муносибати гусели наваскарон дар макони чорабинӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозони қисми ҳарбӣ, навдаъватшудагон ва падару модарони онҳо чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни баромади хеш Раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин ба падару модарони навдаъватшудагон муроҷиат намуда, барои тарбияи чунин ҷавонони шуҷову далер изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Дар ҳамин рӯз ба 20 нафар навдаъватшавандагон, ки ба курси ронандагӣ фаро гирифта шуда буданд ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд.
Барномаи аҳли фарҳанги ноҳия идомабахши чорабинии мазкур гардиданд.