Рӯзи 31 марти соли 2026 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иртибот бо масъалаҳои муҳокимашаванда муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, қисман директорони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои саломатии ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок доштанд.
Дар ҷараёни иҷлосия як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкиливу ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 1 марти соли 2021,№162"Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 3 феврали соли 2021, N22 “0ид ба карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №704 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 2025 дар ноҳия бо гузориши муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба ҳалли масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид.
Ҳамзамон, гузориши муовини раиси ноҳия оид ба иқтисод Маҳмудҳода Муслиҳиддин аз руи масъалаи дуюм рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 6 ноябри соли 2021, N542 “Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 октябри соли 2021, №331 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №358 «Дар бораи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025» дар ноҳия шунида шуд.
Ҳамчунин, ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон ва тарғиботи ҳуқуқӣ Алихонзода Ҳукмуддин баррасӣ гардида, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳия мавриди таҳлил қарор гирифт.
Дар анҷоми иҷлосия раиси ноҳия доир ба дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бо усули «хона ба хона», риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим», тарғиби либоси миллӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.