Имрӯз марти соли 2026 дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз ва истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12- и деҳаи Кишт, Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов 3 синфхонаи технологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар расми ифтитоҳи ин синфхонаҳои технологӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Директори генералии ҶСК "Ширкати алюминии тоҷик" Шарифзода Шуҳрат Ҷурабой, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ва ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Синфхонаҳои технологӣ, ки дорои шароити мусоиди касбомўзӣ мебошанд, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри соҳибкасб намудани толибилмони муассисаи мазкур таъсис дода шудаанд.
Дар синфхонаи технологии писарона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васлу насб карда шудааст, ки бо истифода аз онҳо омўзгорон ба толибилмон нозукиҳои касби харротӣ ва чубтароширо меомўзанд. Синфхонаи технологии духтарона бошад бо 8 адад мошинаи дарздӯзӣ ва мизу курсӣ муҷаҳҳаз аст, ки бо истифода аз он духтарон тарзи дуруст духтани сару либосҳои миллӣ ва мактабиро аз худ менамоянд.
Инчунин синфхонаи технологии пухтупази ҳамагуна таомҳои милливу аврупоӣ, маҳсулоти нонӣ ва хуришу шириниҳои гуногун бо дастгоҳу лавозимоти зарурӣ амал мекунад, ки духтарон метавонанд нозукиҳои пухтупазро аз худ намоянд.
Умуман, дар ин муассисаи таълимии намунавӣ толибилмон баробари аз бар намудани илму дониш ҳамзамон соҳиби касбу ҳунар мешаванд, ки тақозои замон мебошад.