Имрӯз, 22-уми марти соли 2026 дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Шарифзода Шӯҳрат - Директори генералии ҶСК "Ширкати Алюминийи Тоҷик", раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ва дигар меҳмонон дар маҳаллаи Куҳдомани Ҷамоати деҳоти Теҳрай бинои синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бинои мазкур бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи “Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ” бунёд гардида аз ду ошиёна ва 4 синфхонаи муҷаҳҳази таълимӣ иборат мебошад.
Бинои синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо тарҳу сифати хуб сохта шуда, барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони деҳаҳои Куҳдоман ва Хайркорони Ҷамоати деҳоти Теҳрай бунёд ёфтааст.
Бинои синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтааст.