Имрӯз 2 декабри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия аз тарафи прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Холиқзода Абдулфайз Ғаффор ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия гузаронида шуд.
Тибқи талаботи нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия барои нимсолаи дуюми соли 2025 ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" дар фаъолияти бахши коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳия дар давраи соли соли 2024 ва 9 моҳи соли 2025 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷааш чораандешӣ карда шуд.
Оид ба масъалаи мазкур баромади мудири бахши коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳия Қурбонов Сомон шунида шуд.
Дар ҷаласаи мазкур баъди баромади баромадакунандагон масъалаи мазкур мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуда, аз масъулин талаб карда шуд, ки оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" чораҳои лозимаро роҳандозӣ намоянд.
Бо ҳамин натиҷаи ҷаласаи шӯро раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия оид ба камбудҳои ҷойдошта ва барои бартараф кардану овардани пешниҳодҳо ба мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.