Рӯзи 14 ноябри соли 2025 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чорабинии тантанавии сиёсӣ бахшида ба 33-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок карданд.
Чорабинӣ бо боздид аз намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг ба маърази тамошо гузошта шуда буд, оғоз гардид.
Қисми расмии чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Раиси ноҳия, Гулзода Зафар, аҳли нишастро ба шарафи Иҷлосияи таърихиву тақдирсоз ва Рӯзи Президент самимона табрик гуфта, қайд намуд, ки маҳз бо заҳмату ҷонфидоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи устувори халқи тоҷик Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардида, заминаҳои хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таҳкими сулҳ ва суботи миллӣ фароҳам омаданд.
Барномаи фарҳангӣ, ки бо суруду таронаҳо ва иҷрои композитсияҳои мусиқӣ, ки ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба Пешвои муаззами миллатро тарғиб мекарданд, баргузор шуд ва чорабинӣ бо он анҷом ёфт.