Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин доир ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раис, кормандони дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ баромадкунандагон аз хизматҳои бесобиқи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, қайд намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, истиқрори сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва муаррифии Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ нақши бесобиқа дорад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сарорсари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент ва Иљлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса мардуми сарбаланди кишвар ҷашн мегиранд.
Бояд қайд намуд, ки 9-уми декабри соли 2015 дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик боз як саҳифаи дигаре зам шуд. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”-ро қабул намуданд. Паёми нахустини Пешвои миллат аз Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун чеҳраи барҷастаи сиёсӣ имрӯз аз ҷониби сиёсатмадорони дохиливу хориҷӣ эътироф гардида, сулҳи сартосарӣ дар Тоҷикистон маҳз бо номи ин абармарди таърихиву сиёсӣ вобаста мебошад. Фидокорӣ ва мардонагиву қавииродагии Пешвои миллат буд, ки дар солҳои бисёр душвори ҷанги таҳмилии дохилӣ ва вазъи ногувори амниятии минтақа музокироти сулҳи тоҷикон баргузор гардид ва дар ниҳоят ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оварда расонид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҷаҳон нишон дод, ки дар ҳама ҳолат музокираву мулоқот ва иқтидори боварикунонӣ метавонад ҳама гуна низои сиёсиро бо сулҳу салоҳ ба поён расонад.
Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва соҳибватанӣ имрӯз мо, бояд заҳматҳои Пешвои миллатро дар ҷодаи шукуфоии Ватан, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ҷонибдорӣ намуда, шукронаи Пешвои оқилу фарзонаро кунем. Маҳз ҳамин ҷоннисорӣ, далерӣ, хислатҳои неку ҳамида дар назди Ватану миллат буд, ки мо тамоми хурду бузурги ин сарзамини биҳиштиро мебояд хизматҳои шоёни таҳсини ин марди бузург, Қаҳрамони миллатро ҳамчун роҳнамои зиндагии хеш қарор диҳем.