Санаи 5 октябри соли 2026 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ дар МОИ «Кӯлоб» аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва муовини Раиси вилояти Хатлон Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори минтақа мавриди истифода қарор дода шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки зимни мавриди истифода қарор додани маркази хизматрасонии “Равзанаи ягона”-и Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” дигар сохторҳои хизматрасон, аз ҷумла намояндагони сохторҳои ваколатдор дар соҳаи андоз, муҳоҷират, раводид, бонкҳо ва ғайра, ки барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ замина мегузоранд бо утоқҳои корӣ таъмин карда мешаванд.