2 октябри соли 2026 бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндаи Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон омили рушди иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.
Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, ҳозиринро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло ба ҷаншни Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.
Қайд гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи ва ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ, рамзи истиқлолу озодӣ, соҳибдавлативу соҳибфарҳангӣ ва омили муҳими ваҳдату сарҷамъии ҷомеа рӯз ба рӯз бештар мегардад.
Инчунин таъкид гардид, ки бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ, таваҷҷуҳу ғамхориҳои аввалиндараҷа ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар даврони Истиқлоли давлатии кишвар ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда, он пояи давлатдории тоҷикон, нишонаи ҳувият ва боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳ ва ватандӯст шудааст.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ намояндаи Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони вазорат оид ба рушди забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақоми он баромад намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба кормандони вазорат бо мақсади дар сатҳи олӣ донистани забон, ҳифзи арзишҳои он, нигоҳдорӣ ва беолоиш расонидани забони давлатӣ ба наслҳои оянда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.