1 октябри соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло бо иштироки маҷозии намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба…
1 октябри соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло бо иштироки маҷозии намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа раванди иҷрои чор ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ, Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 ва Барномаи рушди минтақаи сайёҳии «Роғун» барои солҳои 2024-2028 баррасӣ шуд.
Оид ба рафти татбиқи ҳуҷҷатҳои қайдгардида аз ҷониби муовини Вазири маориф ва илм Каримзода Равшан, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Одиназода Чаманоро, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Холматиён Рустам ва муовини Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Шарифзода Баҳром рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои қайдгардида вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.