29 сентябри соли 2026 дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон 25-умин Конфронси вазирони Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) таҳти унвони «25 соли шарикӣ - ояндаро якҷоя ташаккул медиҳем» баргузор гардид, ки дар кори он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок намуданд.
Конфронси мазкур бахшида ба 25-солагии таъсиси Барномаи CAREC ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ташкил гардида, масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои аъзои CAREC мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.