28 сентябри соли 2026 дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо қайд намуд, ки ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ ва рушди робитаҳои минтақавӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон бо мақсади содагардонӣ ва рақамикунонии расмиёти савдо, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, стандартҳо ва низоми сертификатсия ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ тақвият додани корҳо дар самтҳои рақамикунонии савдо, рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, ҷалби соҳибкории хурду миёна ба занҷираҳои арзиши минтақавӣ, инчунин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба инфрасохтори савдо ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ мегарднд.
Чорабинии мазкур аз 28 то 30 сентябри соли ҷорӣ идома ёфта, ҳайати кишварро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло Ҳикматулло роҳбарӣ менамояд.