25 сентябри соли 2026 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло дар ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «35 соли рушду пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, таҷриба ва дурнамо», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар натиҷаи саъю талош ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 26 соли охир рушди сифатноки иҷтимоию иқтисодии кишвар таъмин гардида, афзоиши миёнасолонаи он дар сатҳи 7,7 фоиз нигоҳ дошта шуд.
Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 млрд. сомонӣ то 176,9 млрд. сомонӣ ё қариб 100 маротиба, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонӣ то 16,7 ҳазор сомонӣ ё 58 маротиба, даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 млрд. сомонӣ то 165 млрд. сомонӣ ё 165 маротиба, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 1,4 млрд. сомонӣ то 66,7 млрд. сомонӣ ё 48 маротиба ва ҳаҷми содирот аз 784 млн. доллар то 2487 млн. доллар ё 3,2 маротиба зиёд гардиданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 19 фоиз коҳиш ёфта, зиёда аз 2200 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, бахусус 2 агрегати НБО “Роғун” сохта ба истифода дода шуданд.
Дар анҷом иштирокчиён доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мубодилаи афкор намуда, аҳаммияти тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро таъкид карданд.