24 сентябри соли 2026 мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони халқии Вилояти Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Нинпин баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо рушди босуръати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин, бахусус нақши Вилояти Мухтори Синзян-Уйғурро дар савдои мутақобила муҳим арзёбӣ намуда, масъалаҳои таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, рушди марказҳои логистикӣ, тиҷорати электронӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин» баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар доираи мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба ҷалби сармояи чинӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар самти коркарди маъданҳои сабз ва муҳим, бахусус рушди занҷири истеҳсолӣ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зоҳир гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории амалӣ бо мақсади афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдои мутақобила ва тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ изҳор намуданд.